Предыдущая публикация
Чашмони сип-сиёҳи туро шеър мекунам.
Аз моҳи шаб бипурс, ки рӯшан бигӯядат,
Рухсораи чу моҳи туро шеър мекунам.
Ин шоми тиракор марав аз канори ман,
Чун фоли нав пагоҳи туро шеър мекунам.
То домани баҳори ту дастам дароз шуд,
Дигар гулу гиёҳи туро шеър мекунам.
Эй ҳамсафар ба роҳи нишебу фарози умр,
Ором рав, ки роҳи туро шеър мекунам.
Табъам равону лек нагуфтам дароз ҳеҷ,
Кӯтоҳ ин ки оҳи туро шеър мекунам...****
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев