Бингар, ки ҳар нигоҳи туро шеър мекунам, Чашмони сип-сиёҳи туро шеър мекунам. Аз моҳи шаб бипурс, ки рӯшан бигӯядат, Рухсораи чу моҳи туро шеър мекунам. Ин шоми тиракор марав аз канори ман, Чун фоли нав пагоҳи туро шеър мекунам. То домани баҳори ту дастам дароз шуд, Дигар гулу гиёҳи туро шеър мекунам. Эй ҳамсафар ба роҳи нишебу фарози умр, Ором рав, ки роҳи туро шеър мекунам. Табъам равону лек нагуфтам дароз ҳеҷ, Кӯтоҳ ин ки оҳи туро шеър мекунам...****
  • Класс
Падар дар ташнаги дарё, Падар дар тангиҳо дунё. Падар дору Падар дармон, Падар равшангари дилҳо. Падар ҳам мушкил осон аст, Падар ҳам марҳами ҷон аст. Агар хурсанд кунад моро, Ҳамон дам чеҳрахандон аст. Падар бошад набошад ғам, Набошад мушкилот ҳар дам. Падар нерӯйи фарзанду, Падар як олами беғам. Падар раҳбони инсон аст, Чу шамъ то рӯз фурӯзон аст. Дилафрӯзи тараннумҳо, Падарҷон аст, Падарҷон аст. Манзили Охиратат обод бошад Падарҷон 🥲😭        
Показать ещё