Модари мӱъминон Оиша (Аллоҳ аз ў розӣ бошад) мегуяд: "Аз Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) оид ба тоун (чума- бемории марговари гузаранда) пурсидам ва фармуд: "Он азобе аст, ки Аллоҳ ба сари касе хоҳад, мефиристад. Вале Аллоҳ онро барои бандагони мӱъмин раҳмат гардонидааст. Ҳар касе, ки дар кишвараш тоун сар занад ва сабр карда, ба умеди савоб дар кишвараш боқӣ монад ва бидонад, ки танҳо ҳар чизе мешавад, ки Аллоҳ хостааст, агар аз он вафот намояд, савоби шаҳидро ҳосил хоҳад кард". Ривояти Бухорй, 5402 . Фоидаҳои ҳадиси муборак:
1. Тоун, вабо, коронавирус ва ҳар бемории марговаре, ки аз тарафи Аллоҳ фиристода мешавад, барои ғайримусалмонон азоб аст.
2. Ҳар намуди мусибат, ҳатто бемориҳои марговар барои бандаи мӱъмин раҳмат мешавад, агар нияти худронакў намояд, сабр кунад ва ба тақдири худ розӣ шавад, савоби бузурге ҳосил хоҳад кард.
3. Яқин бояд донист, ки ҳар кор бо хости Аллоҳ сурат мегирад. Дар ҳеҷ ҷои дунё ҳеҷ коре берун аз зости Аллоҳ нахоҳад шуд, ҳатто майдатарин вирусу микробҳо танҳо бо хости Аллоҳ пайдо мешаванд ва ба касе зиён мерасонанд.
4. Аз бемории марговар вафоткарда савоби шаҳидро ҳосил мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев