Дилхуш аз онем кӣ ҳаҷҷ меравем, Ғофил аз онем,кӣ каҷ меравем, Қаъба ба дидори Худо меравем, Ӯ кӣ ҳаминҷост куҷо меравем, Ҳаҷ ба Худо ҷуз ба дили пок нест , Шустани ғам аз дили ғамнок нест, Дин кӣ ба тасбиҳу сару риш нест, Ҳар кӣ Али гуфт кӣ дарвеш нест, Субҳ ба субҳ дар пай макру фиреб, Шаб ҳама шаб гиряву 《аммаюҷиб》 .
#Абдураҳмон_Ҷомӣ Ин кулба нишемани ниёз аст, Хилватгаҳи маҳрамони роз аст. Чун хонаи чашми аҳли биниш, Бар руйи хасон дараш фароз аст Ҳар нақш аҷаб дар у, ки бинӣ, Ойинаи сунъи нақшсоз аст. Хуш он ки зи ҳар китоб дар вай Бар шоҳиди илм дида боз аст. Он шоҳиди хуш, ки бар рухи ӯ Аз хатти варақ ниқоби ноз аст. Шоҳид ин аст дар ҳақиқат Боқӣ ҳама сурати маҷоз аст. Кӯтоҳ кун ин ҳадис, Ҷомӣ, К-афсонаи шоҳидон дароз аст.
#Мирзо_Абдулқодири_Бедил
Дил аз дами муҳаббат чандин футур дорад,
Ин бода сахт тунд аст, бар шиша зӯр дорад.
Номаҳрами қазоӣ, шӯхӣ макун дар ин дашт,
К-он барқ бар сиёҳӣ чашме зи дур дорад.
Бо инҳирофи ҳар вазъ нанги таҷоҳуле ҳаст,
Чашми тағофулиншо тақлиди кӯр дорад.
Ҳамсанги хомкорон мапсанд пухтагонро,
Алмоси маъдани мо шарм аз булӯр дорад.
Ошиқ ба азми мақсад муҳтоҷи роҳбар нест,
Парвона дар таҳи бол мактуби нур дорад.
Гар аз хами кулоҳ аст арзи ҷалоли шоҳон,
Гарди шикасти мо ҳам аҷзи ғаюр дорад.
Гар марди эҳтиётӣ, аз худ мабош ғофил,
Тӯфон ба ҳар масомат чандин танӯр дорад.
Талх аст айши имрӯз аз гуфтугӯи фардо,
Дар хонае ки моем, ҳамсоя шӯр дорад.
Ноқоби
#Амир_Хусрави_Деҳлавӣ Ороиши маҷлис туй, маҷлис биёро ҳар замон, Нақду шаробе з-он ду лаб пеш ор моро ҳар замон. З-ин сон ки бар ҳар муй ту, аз нафси худ дар ғайратам, Он чо чӣ густоҳист ин боди саборо ҳар замон?! Чун ошиқонатро намонд аз нақди ҳастӣ мояе, Тороҷи султонӣ макун мушти гадоро ҳар замон. Эй cap, ба зудӣ хок шав пеши дари он нозанин, Бу, к-аз туфайли нозанин бусем поро ҳар замон. Гарчи наярзад аз рахаш гарде, ту эй боди сабо, Мегу саломи чашми ман он хоки поро ҳар замон. Гар нест борони карам, санге бибор, эй осмон, То чанд боз орам тиҳӣ дасти дуоро ҳар замон? Хусрав, агар ошиқ шудӣ, аз теғ узраш хоҳ бас, То чанд орӣ бар забон он як хаторо ҳар замон?!
#Роънои_Мубориз Бовар намекунам, ки аз он нури поки ту, Бо ин қадар гуноҳу хато баҳравар шавам. Бовар намекунам, ки зи дидордидаҳо, Бо ин ҳама заифии худ як нафар шавам. Андеша мекунам зи қудуми муборакат Сели сиришк бораму чун баҳру бар шавам. Шоир шавам, қасам ба рухат, шоири асил, Ноил ба дидани руху нурат агар шавам. Яъне зи партгоҳи аҷал бо василаат, Дунё шигифт монаду осон забар шавам. Бовар намекунам, ки ба покиву ростӣ, Исботкори хеш ба кулли башар шавам. Ҷуръат намекунам мани кӯчак ба даъватат, Ларзад дилам, зи ларзаи худ сусттар шавам. Бар омади саиди ту бовар намекунам, Дар баҳри фикри хеш фурӯ ҳар қадар шавам.
#Ҳофизи_Шерозӣ Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо, Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо, Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем, Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо. Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ, Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо. Чандон бувад карашмаву нози сиҳиқадон, К-ояд ба ҷилва сарви санавбархироми мо. Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ, Зинҳор арза деҳ бари ҷонон паёми мо. Гӯ: номи мо зиёд ба амдо чӣ мебарӣ, Худ ояд он, ки ёд наёрӣ зи номи мо. Мастӣ ба чашми шоҳиди дилбанди мо хуш аст, 3-он рӯ супурдаанд ба мастӣ зимоми мо. Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо. Дарёи ахзари фалаку киштии ҳилол, Ҳастанд ғарқи
#Бозор_Собир Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд, Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд. Дар оташи ғам коғази рӯи ман агар сӯхт, Аз хоҳари ман коғази сар дар дили ман монд. Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост, Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд. Ман рафтаму сад хешу табор аз сари ман рафт, Аз рафтанашон хуни ҷигар дар дили ман монд. Дар сӯзани девори ман аст риштаи умрам, Кофист, ҳамон сӯзан агар дар дили ман монд. Аз ҳамватану ҳамрагу ҳамгавҳару ҳамхун Чашмони тару оҳи саҳар дар дили ман монд.
Показать ещё