559563582431

MuhammaD HakimoV

ҚАДРДОНӢ КАРДАНИ ШАБҲОИ МУҚАДДАС. Ҳар шаби муқаддас неъматест аз ҷониби Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.), ки васила мегардад, то авфу мағфират талаб кунем, аҷру савоб ба даст орем, аз балою мусибат наҷот ёбем ва ризогии Аллоҳ Таъолоро дарёбем. Дар чунин шабҳои муқаддас амалҳои зерин авлотар аст. 1.Тиловати Қуръони Карим, гӯш кардани Қуръон ва умуман ҳисси эҳтиром ба Қуръонро дубора эҳё кардан. 2. Ба Раcулуллоҳ (с.а.с.) салоту салом равон кардан. Шафоати Ӯро (с.а.с.)-ро умед кардан ва эҳёи шуури уммат. 3. Намозҳои қазо ва нафл хондан. 4. Тафаккур кардан. (ман, ки ҳастам, аз куҷо омадам, ба куҷо меравам, Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) аз ман чӣ мехоҳад ва ғайраҳо.). 5. Дар тарозӯ санҷидани ҳаёти аз сар гузашт
559563582431

MuhammaD HakimoV

Васияти Паёмбари Худо, Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ба Абузар (Р.а.). Абузар (Р.а.) ривоят мекунад, ки: Паёмбари Худо, Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) манро ба ҳафт чиз васият намуданд. 1. Васият намуданд, ки камбағалҳо ва бенавоёнро дуст дорам ва ба онҳо наздикӣ кунам. 2. Васият намуданд, ки ба ҳоли касе нигарам, ки аз ман камтар (яъне фақиртар) аст, на он ки аз ман бештар (яъне сарватмандтар) аст. 3. Васият намуданд, ки бо хешовандонат рафтуомад кун, гарчанде, ки дар ҳаққат ҷафо кардаанд. 4. Васият намуданд, ки аз касе чизе тамаъ (яъне; талаб) накун. 5. Васият намуданд, ки ҳақиқатро бигу, гарчанде, ки талх бошад. 6. Васият намуданд, ки аз барои ризои Аллоҳи Бузур
559563582431

MuhammaD HakimoV

ҲАЁТИ МО ДАР ИН ҲИКОЯ.⬇ Рузе аз рузҳо марде ҳамроҳи ҳамcар ва фарзандонаш бо 🚐мошини шахсии худ ба сафар баромад, сафари дуру дарозе. Дар роҳ бо марде вохурданд, ки дар роҳ истода буд. Мард аз у пурсид, ту ки ҳастӣ? Гуфт: ман пулу мол ҳастам. Мард аз ҳамсару фарзандонаш пурсид, фикри шумо чист, уро ҳамроҳ савор кунем? Ҳама бо як овоз гуфтанд: Бале, бо пулу мол ҳама корро карда метавонем, ва ҳама чизро ба даст меорем. Пулу мол ҳамроҳашон савор шуд. 🚐Мошин ҳаракат кард, ва мусофири мо сафарашро давом дод. Баъд аз масофаи кутоҳ марди дигареро диданд, ки дар роҳ истодааст, ва ба онҳо дастафшони мекунад. Мошин дар назди у қарор гирифт, мард пурсид, ту ки ҳастӣ? Он мард гуфт: ман ҳукумату м
559563582431

MuhammaD HakimoV

Аз Абдуллоҳ писари Аббос (раз) ривоят аст,ки Паёмбар (алайҳис салом ) фармуданд:"Се касеанд,ки намозҳояшон аз болои сарашон як ваҷаб боло бардошта намешавад: Марде, ки имомати мекунад қавмеро ва ҳолон ки он қавм аз имомати у рози нестанд. Ва зане,ки шаб кунад ва шавҳараш аз вай норози аст. Ва ду мусалмоне, ки қатъ карда бошанд ҳуқуқи исломиро (яъне бо якдигар қаҳрӣ бошанд)". Ривояти Ибни Моҷа.
  • Класс
559563582431

MuhammaD HakimoV

Паёмбар (Саллаллоху ъалайхи ва саллам) фармуданд: "Бешак афзалтарини рузҳои умри шумо рузи Ҷумъа аст, пас дар ин руз дуруду раҳматро ба ман зиёдтар бифиристед чунки салавоти шумо барои ман дар ин руз арз карда мешавад". (Ривояти Абу Довуд
  • Класс
559563582431

MuhammaD HakimoV

Илму дониш моли гумкардаи мусалмон аст. Бенҷомен Толел,ки соли 1173-юми милодӣ вафот намудааст,дар бораи пешрафти мусалмонон дар соҳаи илму дониш чунин менависад:"Ман дар шаҳри Искандария бист омӯзишгоҳро дидам,ки фаъолият мекарданд. Илова бар ин омӯзишгоҳҳои умумие,ки дар шаҳрҳои Бағдод,Қоҳира,Тулайтила,Қуртуба ва ғайра доир буданд,донишгоҳҳои дигаре низ вуҷуд дошт,ки дар онҳо озмоишгоҳ,расадхона,китобхонаҳои бузург ва таҷҳизоти илмӣ вуҷуд дошт. Дар ин донишгоҳҳои исломӣ тамоми улум тадрис мешуд ва ҳамаи васоили таҳсил,аз қабили либос,ҷои хоб, китоб,коғазу қалам ва беҳдошт барои донишҷуён ба таври бепул дода мешуд. Мистер Ҷей Лостронж дар китоби" Бағдод дар замони хулафои аббосӣ-и худ мена
559563582431

MuhammaD HakimoV

Хидмати Дини Ислом барои занон. Рафтори мусалмонон бо қишри занон ва он ҷойгоҳи боазамате,ки Ислом барои зан ба вуҷуд оварда буд,дар ҳаёт ва зеҳнияти мардуми Аврупо таъсири худро гузошт ва он қишри ҷомеаро аз сарнавишти талхе,ки дошт,дар ниҳоят наҷот бахшид. Бояд пазируфт,ки зан дар ҷомеаи мутамаддини имрӯз дар бобати ба даст овардани ҳуқуқҳо ва озодиҳои худ қарздори арзишҳои волои Ислом ва хадамоти баёдмондании мусалмонон барои ҷомеаи башарӣ мебошад. Густов Любен дар ин бора мегӯяд: "Ахлоқи ҷавонмардонаи мардуми Аврупо,ки як бахши умдаи онро рафтор бо занон ташкил медиҳад, аз мусалмонон ба мо расидааст ва дар зери таъсири онҳо ба вуҷуд омадааст. Дине,ки тавонист занро аз он дараҷаи паст ва
Показать ещё