Як ҷавон рафт Русия, ки ризқи худ пайдо кунад, То ба пеши дусту душман ӯ сараш боло кунад, Монда ӯро дар Ватан хонуми зебову ҷавон, Баъди чанд моҳ бар зани худ ҳадя кард ӯ телефон, Буд ба ин орзу, ки гоҳ гоҳ бишнавад овози зан, Аз падар ҳам модару ҳам аз хабарҳои Ватан, Лек намедонист қазоро, ки чи бар ӯ буд бахт, Рӯзии нек буд насибаш, ё ки талхиҳои сахт, Завҷааш дар одноклассник номнависи кард сайт, Сурати дигар касу аз ишқи ноком чандта байт, Ин чунин он навҷавон дар одноклассник сабт шуд, Вақти фориғаш ба интернет ҳамаги рабт шуд, Он ҷавон ҳам номи худ дигар навишт дар сафҳааш, Сурати бегонаеро монда буд дар лавҳааш, Рафт тақдираш чунин дар интернет бо духтаре, Шуд шинос бо моҳлиқои нозанин як дилбаре, Оқибат бо сурати ҳам ду ҷавон ошиқ шуданд, Аҳду паймон баставу, дар ошиқи лоиқ шуданд, Ӯ паёмакҳо навист бар духтар, оям бар Ватан, Бегумон оям ба пешат орзуҳо ин аст ба ман, Рӯзе аз рӯзҳо Ватан рафт буд насиби ӯ чунин, Хост аввал ӯ бубинад он нигори маҳҷабин, Ҷои дидорро муайян карда буданд пештар, Лек ба сурат, ки чи сон аст ҳар ду буданд бехабар, Ҷои хилват духтаракро мунтазир шуд он ҷавон, Завҷаи худро бидид дар рӯ ба рӯяш ногаҳон, Боз бар маъшуқаи хеш як паём бинвист писар, То, ки дидорбиниро монанд бар рӯзи дигар, Ӯ намедонист зи чи кораш гирифт ин ранги бад, Ки зи смс ӯ телефони ҳамсар-ш занг зад, Розҳои ҳар ду гаштанд ошкор дар он замон, Завҷаи худро гунаҳкор кард талоқ дод он ҷавон, Бар сари андеша ойед дустон з-ин моҷаро, Ки зи ин талхии афкор ман кашидам пардаро, Кас намедонад чи созад бар сари ӯ сарнавишт. Маъзарат хоҳам агар, ки кутаҳи шуд дар навишт. (((Ҳама гуна нусхабардории шеърҳо бе иҷозати муаллиф қатъиян манъ аст.)))
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев