ғамхорат Худо бошад,
Чу Юсуф кунҷи зиндони
мададгорат Худо бошад.
Дар ин дунёи пир диданд басо
тӯфону обгардиш,
Ба мисли Нӯҳ чӣ ҳайрони
нигаҳдорат Худо бошад.
Надорад аҳд, занест дунё,ки бо
ишва кунад фандат,
Ту паймони Худо нашкан,
вафодорат Худо бошад.
Тавони гар бикун коре,ки
оғозаш зи бисмиллост,
Ки оғозу ва анҷоми ҳама корат
Худо бошад.
Ҷаҳони пиру солхӯрда
надидаст чун Худо ёре,
Дар ин дунёву он дунё фақат
ёрат Худо бошад.
Чароғи хонаи дилро агар нур
аз имон дори,
Ба маҳшар рӯзи бозорат
харидорат Худо бошад.
Дилат гар чун дили оина сафед
асту сиёҳи нест,
Макун парвои ин дилро,ки
дилдорат Худо бошад.
Ҳамон рӯзе,ки бурдандат, Анис
аз хок дар хокат,
Хуранд раҳми туро онҷо,ки
раҳмхорат Худо бошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев