ЯК ТАБАССУМ .....😊 Курхат Марде назди мулло арз кард, ки чархи дучархаашро гум кардаасст, курхат диҳад. Мулло курхат дод. Мард баъди чанде омаду боз шиква кард, ки курхат асар накарду чарх ҳоло ҳам пайдош нест... Мулло пурсид: - Оё чархи пеши дучархаро гум кардааст ё аз қафоро? Мард гуфт: - Чархи қафоро. Мулло гуфт: - Узр, ман надониста чархи пеши дучархаатро курхат карда будам. Ismatullo Fayzalizoda
    4 комментария
    7 классов
    🏙🏙🌃🌃🏙🏙🌃🌃🏙🏙🌃🌃🏙🏙🌃🌃 АССАЛОМУ АЛАЙКУМ..... ШОМ БА ХАЙР   !                                 ШАБ ХУШ  ! Инсон будан бузургтарин лутфе аст, ки як одам метавонад ба кулли башарият анҷом бидиҳад! "Инсон будан яъне ин-сон будан! " Дилеро наранҷон... Қалберо нашикан... Ҷое, ки бояд сукут кунӣ, сукут кун.. Вақте метавони гереҳҳоеро боз кунӣ, боз кун... Ишқро биёмӯз... Нафратро аввал аз худ ва баъд аз атрофат дур кун... Кина намонад дар дилат... Кина нагузор бар диле... Ё рост бигӯ.. Ё нагӯ... Қазоват манъ... Тамасхур бас аст! Ғурур тамом!... Дарк кун одамҳоро... Зебо бубин... Лабханд фаромӯш нашавад!... Ту метавони як одамро бо захми забонат бикушӣ! накуш!... Бубахш Қабул кунем, ки инсон будан сахт аст! Вале сахтияш лаззатбахш аст. <<Khiradtj>> 🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃
    77 комментариев
    9 классов
    Орифе ба муриде гуфт: Шайтон назди падару модарат (Одам ва Ҳаво) савганд хӯрд, ки насиҳатгари онҳо аст ва дидӣ , ки бо эшон чи кард ? Ва ҳамчунон барои гумроҳии ту назди Парвардигор савганд хӯрда гуфтааст: "Ба ҷамолат савганд, ки ҷумлагӣ бандагонатро гумроҳ хоҳам кард" Инак камари ҳиммат бибанд ва худро аз макру фиребаш бираҳон....(?)
    2 комментария
    13 классов
    🌠🌗🌠🌗🌠🌗🌠🌗🌠🌗🌠🌗🌠🌗🌠🌗 Ассалому алайкум.... ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙРУ ХУШӢ   ! ПАНДИ ШАБОНА... Зиндагӣ хеле содааст. Дар панҷ ибора хулоса мешавад, ки онҳо асрори ҳаёти одамист! - Одамӣ бояд битавонад саҳми хатои худро бубинад, то битавонад бигӯяд: "мутаассифам" - Одамӣ бояд шуҷоат дошта бошад, то битавонад бигӯяд: "маро бубахш" - Одамӣ бояд ишқ дошта бошад, то битавонад бигӯяд: "дӯстат медорам" - Одамӣ бояд шукргузори неъматҳояш бошад, то битавонад бигӯяд: "сипосгузорам" - Ва дар ниҳоят одамӣ бояд ба дарки рози нуҳуфта дар ин чаҳор ибора бирасад, то битавонад масъулияти зиндагии хешро ба пуррагӣ бипазирад ... Хирад ИЛЛОҲӢ ХОНАҲОТОН ГАРМУ ЧАРОҒОН БОШАД  ! ШАБИ ХУШУ ТИНҶУ ОРОМ ВА ХОБИ НОЗ ДОШТА БОШЕД...🤲 🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠
    78 комментариев
    27 классов
    🌹🌹💮💮💮🌹🌹💮💮💮🌹🌹💮💮💮🌹 Ассалому алайкум...... СУБҲАТОН ПУР АЗ САФО ВА РӮЗАТОН ҒАРҚИ ХУШИҲО  ! Як дарахт метавонад шурӯи як ҷангал бошад. ... Як лабханд метавонад оғозгари як дӯстӣ бошад.....   Як даст метавонад ёригари як инсон бошад.... Як вожа метавонад баёнгари ҳадаф бошад. ....   Як шамъ метавонад поёни торикӣ бошад..... Як ханда метавонад, дилтанагиро дур кунад. ..... Умед метавонад нигаҳдорандаи рӯҳи шодатон бошад.... Як навозиш метавонад ровии меҳратон бошад.... Як зиндагӣ метавонад холиқи дигаргунӣ бошад..... 👉.....Имрӯз он як бош ...! 🏵🏵🌸🌸🌸🏵🏵🌸🌸🌸🏵🏵🌸🌸🌸🏵
    123 комментария
    22 класса
    Худованд ба ҷинси зан қудрат дар забон додааст ва ба ҷинси мард, қудрат дар бозу. Зане ки аз қудрати забонаш барои ҳозирҷавобӣ ва забондарозӣ ва марде ки аз қудрати бозуяш барои фишор ва зӯроварӣ истифода мекунад, ҳар ду манфуранд. Ва чи зебост агар ҳамин қудрати забонро дар ҷиҳати меҳрубониву дилбарӣ ва қудрати бозуро дар ҷиҳати такягоҳ шудан ба кор бубарем. Забоне ки ба латофат бичархад ва зӯру бозуе, ки амният бидиҳад, дунёи ҳар ду нафаратонро биҳишт месозад.....(?)
    4 комментария
    7 классов
    🥀Як табассум..😊 Зане  пушти ҷанозаи ҳамсараш  дошт механдид Гуфтам: Чаро  механди? Гуфт: - Аввалинбор аст ки мебинам куҷо меравад
    1 комментарий
    4 класса
    Ҷодаи умеди ман бо ту мешавад ҳамвор, Бе ту аз тамоми сӯ мерасад ба ман озор. Бе ту раҳ намеёбам бар диёри бедардӣ, Ғуссаи фироқи ту мекунад маро бемор. Бе ту то ба анҷомам як ду се қадам монад, Фасли навбаҳори ман бо ту мешавад такрор. Лаззати ҳаёти ман рашку нозу қаҳри туст, Бе ҳузури сабзи ту мешавам зи ҷон безор. Бо ту мезанам парчам ман ба боми хушбахтӣ, Бе ту эй Асалбону, ҷони ман киро даркор? Бе ту мешавад дунё мубталои берангӣ, Як даме маро танҳо дар сарои ғам нагзор. Ҷаннати ду дилдода лаҳзаи баҳамойист, Нозанин, худат донӣ қадру қимати дидор. СИНОИ Сино Абуалӣ
    2 комментария
    10 классов
    💫🪻💫 Дини ислом– чунин дин аст, ки касе дар масофаи ҳазорон километр шуморо дар дуоҳои худ муҳофизат мекунад...🤍
    1 комментарий
    12 классов
    - Эй дигаргункунандаи қалб, қалби маро дар дини худ устувор кун✨
    2 комментария
    12 классов
🏙🏙🌃🌃🏙🏙🌃🌃🏙🏙🌃🌃🏙🏙🌃🌃 АССАЛОМУ АЛАЙКУМ..... ШОМ БА ХАЙР   !                                 ШАБ ХУШ  ! Инсон будан бузургтарин лутфе аст, ки як одам метавонад ба кулли башарият анҷом бидиҳад! "Инсон будан яъне ин-сон будан! " Дилеро наранҷон... Қалберо нашикан... Ҷое, ки бояд сукут кунӣ, сукут кун.. Вақте метавони гереҳҳоеро боз кунӣ, боз кун... Ишқро биёмӯз... Нафратро аввал аз худ ва баъд аз атрофат дур кун... Кина намонад дар дилат... Кина нагузор бар диле... Ё рост бигӯ.. Ё нагӯ... Қазоват манъ... Тамасхур бас аст! Ғурур тамом!... Дарк кун одамҳоро... Зебо бубин... Лабханд фаромӯш нашавад!... Ту метавони як одамро бо захми забонат бикушӣ! накуш!... Бубахш Қабул
  • Класс
🌸Дар дилам орзуи омаданат мемирад..✍🏻
🥀Дӯстат дораму дилтангатам ба андозаи ҷои холиат ки ҳеҷ гоҳ пур нашуд...✍🏻!
🥀Як табассум..😊
Зане  пушти ҷанозаи ҳамсараш  дошт механдид Гуфтам: Чаро  механди? Гуфт: - Аввалинбор аст ки мебинам куҷо меравад
  • Класс
Худованд ба ҷинси зан қудрат дар забон додааст ва ба ҷинси мард, қудрат дар бозу. Зане ки аз қудрати забонаш барои ҳозирҷавобӣ ва забондарозӣ ва марде ки аз қудрати бозуяш барои фишор ва зӯроварӣ истифода мекунад, ҳар ду манфуранд. Ва чи зебост агар ҳамин қудрати забонро дар ҷиҳати меҳрубониву дилбарӣ ва қудрати бозуро дар ҷиҳати такягоҳ шудан ба кор бубарем. Забоне ки ба латофат бичархад ва зӯру бозуе, ки амният бидиҳад, дунёи ҳар ду нафаратонро биҳишт месозад.....(?)
  • Класс
ПАНДҲОИ РӮЗ.... 1....Баъзе вақтҳо сукути инсонҳо аз суханҳои дағал бадтар аст... 2....Дарахте, ки зуд зуд ҷояшро иваз мекунад, реша намегирад. 3....Хоҳӣ, ки аз ғаму андӯҳ халосӣ ёбӣ, ба моли дунё дил мабанд ва аз касоне, ки дунёро дӯстдор ҳастанд, дур бош...!...(?)
  • Класс
Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо, Ман моҳиям, наҳангаму Уммонам орзӯст! Яъқубвор «воасафо!»-ҳо ҳамезанам, Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзӯст! Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад, Оворагии кӯҳу биёбонам орзӯст! З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт, Шери Худову Рустами Дастонам орзӯст! Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ, Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзӯст! З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул, Он ҳоюҳуву наъраи мастонам орзӯст! Гӯётарам зи булбулу аммо зи рашки ом Мӯҳр аст бар даҳонаму афғонам орзӯст! Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, К-аз деву дад малуламу инсонам орзӯст! Ҷалолуддини БАЛХӢ
🥀Донишмандон ба ин ақидаанд ки мағзи инсон фақат ба ибтидо ва итниҳои камилот таваҷҷӯҳ мекунанд, барои ҳамин шумо айни ҳол 2 то калимаи иштибоҳро дуруст хондед🤭
🥀 Аҷиб аст ҳа..!
🥀🕊🥀🕊🥀🕊🥀🕊 Касе ки соле пеш бо ту бегона буд, имсол шояд ҳамаи зиндагиат бошад.. Ё оне ки порсол ҳамаи зиндагият буд имсол метавонад фақат як бегонае бошад.. Гузари замон хеле ваҳшатнок аст..
Показать ещё