Бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни Тоҷикистону Покистонро доварон аз Эрон ҳакамӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ, довари асосӣ Муд Бунёдифард, довари ФИФА буда, ёварон Саид Қосимӣ ва Алиризо Илдор дар хат меистанд.
Мутахассиси Баҳрайн кори онҳоро тафтиш мекунад ва коршиноси фаластинӣ комиссари бозӣ мешавад.
🏟 Бозӣ 11 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Боришоти шадид дар вилояти Суғд қимати ғизоро поин бурд.

Хабарнигори @Sputnik_Tajikistan бо деҳқонони маҳаллӣ ҳамсӯҳбат шуд ва фаҳмид, ки боришоти борон чарогоҳҳоро эҳё кард ва нархи беда дар бозорҳо поин рафт.
Ҳоло нархи як баста 20-22 сомонӣ аст, дар ҳоле ки соли гузашта 28-30 сомонӣ буд.

Нархи гӯшт дар Суғд боло рафт.

Ҳоло як кило гӯшти устухондор дар бозор 65-75 сомонӣ ва гӯшти лаҳм 75-85 сомонӣ нарх дорад, ки ин дар муқоиса ба як соли пеш 10-12 сомонӣ гаронтар аст.
Ҳамзамон, нархи чорво низ Суғд боло рафт.
Шокирҷон Маъруфов, яке аз чорвопарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба @Sputnik_Tajikistan гуфт, тайи ду се соли охир, нархи чорвои калон ва ҳам майда то 10 -12 % баланд шудааст.
"Дар молбозорҳои Суғд, як гӯсолаи як сола ва ё барра бо нархҳои 5 – 6 ҳазор сомонӣ ва 1 – 1, 5 ҳазор сомонӣ харидуфурӯш мешавад", - афзуд ӯ.

Дар Хатлон муҳоҷирони ғайриқонуниро “шикор” мекунанд.

Амалиёти “Нелегал-2024” дар вилояти Хатлон аз 3 то 9 июн бо ҷалби кормандони ВКД, КДАМ ва хадамоти муҳоҷират дар вилоят идома мекунад.
ВКД мегӯяд, рейд дар ҳудуди бозору меҳмонхонаҳо ва хобгоҳу иншоотҳои корӣ доир гардид, ки дар натиҷа 6 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
  • Класс
Показать ещё