Сипосгузории худро ба донишманди нуктафаҳму нуктадон, адабиётшинос, муҳаққиқи нуктасанҷ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, устод Рустами Ато, нисбати заҳматҳо барои омӯхтану навиштаҳои болояшон ба эҷодиёти банда мерасонам. Инчунин аз кормандони рӯзномаи Шӯҳрати Ашти ноҳияи Ашт барои нашри мақолаи мазкур сипосгузор ҳастам. Саломат бошетон!
Дар мотами Завқиддин Комилов ------------------------------- Ҷавоне сазовори сад офарин, Хушодобу доно буду беҳтарин. Ба фасли шукуфтан хазонрезӣ кард, Заминсози мо хуфта андар замин. Ба завқи баландеву симои хӯш, Ба таҳсин буд умре ба ону ба ин. Ҳама додару хоҳарон дар фиғон, Чу рӯи заминро буд ангуштарин. Худоё, бикун раҳмати навҷавон, Намо ҷо варо бар биҳишти барин. Дареғо, ҷавон рафту ёраш ба дард, Табассум ба лаб буду сар бар замин, Варо тифлакон монда бо рӯи зард, Чу рафт аз миёни ҳама Завқидин. Фалак, аз ту дар шиква, Мақсудалӣ, Басо мондӣ тифлон ятим ман барин.
Дар сӯги бузургмардони Эрон -------------------------- Ба Эрон ҳамдил астему сияҳпӯш, Ба сӯгаш ҳамнишину ғусса бар дӯш. Зи марги раҳбарони олиқадраш, Ҳама ҳамдардашонему ғамоғӯш. Варо шоҳ дӣ чӣ хӯш ҳарфи накӯ гуфт, Суханҳои Раисӣ ҳалқа бар гӯш, Бимонад номи некаш дар дили халқ, Ба некӣ кардан, эй мардо, ҳаме кӯш! Бикун, Парвардигоро, ҷо ба ҷаннат, Бидеҳ доим зи оби кавсарат нӯш. Худовандо, бигир бар раҳмати худ, Шаҳидони бузургерову бо ҳӯш. Бикун, Мақсудалӣ, умре накӯӣ, Бигӯянд аз паси некон сухан хӯш.
  • Класс
Дар ёди устод, аввалин шахсе, ки аз ҷамоати Понғоз дар соҳаи маориф маълумоти олӣ гирифтаанд, собиқ директори мактаб ва муаллими фанни ҳарбии мактаби миёнаи ба номи Маъдан, шодравон Абдусамад Тошпулодов ----------------------------- Фурӯғи мактаби Маъдан шуд устод, Шукӯҳи мактаби Маъдан буд устод. Ҷавонраҳбар буду устоди ҳарбӣ, Нумӯъи мактаби Маъдан худ устод. Табассум дар лабаш умре ҳувайдо, Шакаргуфтору бо фарҳанги воло. Забондоне, суханфаҳме, сухансанҷ, Зи гуфтораш ҳаме доногӣ пайдо. Ба ҳусни хат набуд ҳамтои устод, Ба дарси ҳарбӣ холӣ ҷои устод. Ба рӯзи якуму ҳам нуҳӯми май, Қадам мезад ҳама ҳампои устод. Забони русиро ӯ дода таълим, Забони тоҷикиро ӯ муаллим. Ба ӯзбекӣ набуд андар
Дар мотами Абдусалом Абдулҳақов ----------------------- Ба панҷоҳу чор рафта як навҷавон, Хушодобу ботамкину меҳрубон. Наозурда касро, вай андар ҳаёт, Ба мактаб буд устоди хориҷзабон. Бурун аз Ватан, дар ғарибӣ дареғ, Бипӯшидааст ҳарду чашм аз ҷаҳон. На бо модару на ба панҷи гулаш, Накарда видо, кардааст бо фиғон. Ба сар оварандаш, зи дурии дур, Зи деҳ рафта, гарчӣ ба пои равон. Фалак, аз ту ин сина сарду ба дард, Накардастӣ раҳме, чу бар ину он. Намегӯӣ, ки модараш, интизор, Барӣ, ҳар яки мо, зи мо ногаҳон. Ба сол, ар чӣ кӯчак, зи Мақсудалӣ, Ба доногӣ, Абдулсалом, з-ин калон.
БА ОЛИМҶОН ЭРБОЕВ Шумо, ки меҳри беандоза доред, Муҳаббатномаҳои тоза доред. Вафодоред ҳаме бо ёру дӯстон, Чу савти Ҷӯрабек, овоза доред. Набинед дарду ғамро дар ду олам, Кушода баҳри мо дарвоза доред. Ба гуфтори хушу ширинбаёнӣ, Забону шеваи шаҳноза доред. Бубинед умри Шайхи бомурувват, Чу лаҳни Саъдии Шероза доред. Дуогӯтон, ҳамин Мақсудалӣ аст, Чу ӯ зебоватан, Понғоза доред. Дар ҳавои ш. Самарқанд. 19.04.24
Бар шаҳри Самарқанд омадам ман, Бинед, ки чӣ хурсанд омадам ман. Бар дидани кӯҳнашаҳри бобом, Бо дасти пур аз қанд омадам ман. Мамнун шудам аз дидани шаҳрам, Шодон ба шакарханд омадам ман. Ваҳ-ваҳ, чӣ хушо, диёри дерам, Гӯё, ки ба Хуҷанд омадам ман. Бар зодагаҳи бузургворон, Бигрифта басо панд омадам ман. Бишнидам аз он забони ширин, Бар меҳани дилбанд омадам ман. Бар даргаҳи Садридини Айнӣ, Бо шодии даҳчанд омадам ман. Мегӯӣ, чу Маъданам, ба Понғоз, Чун шоири Хуқанд омадам ман. Бар манзили ҳамдилони хубам, Ангор, чу шаҳрванд омадам ман. Чун Мақсудалӣ, ба ин гулистон, Хандида сипосманд омадам ман. Дар ҳавои ш. Самарқанд. 19.04.24
  • Класс
УШШОҚИ ПОНҒОЗ Маро бошад ҳавас сайри диёри гул ба домонам, Гулистондеҳае, дар байни кӯҳҳои ба осмонам. Зиёратгоҳамон, "Бобои Об"-и сар ба афлокаш, Саодатманду хуштолеъ шавӣ, гардӣ чу меҳмонам. Бадар аз худ намоӣ дарди тан нӯшӣ зи оби он, Занад фаввора аз он қуллаи чандин ҳазоронам. Аҷаб бошад ҳавои форамаш, бо накҳати гулҳо, Чӣ хӯш, атрогин ояд бар димоғ, ҳулбӯйу райҳонам. Зи рӯди пуршару шӯраш, ки ҷорист аз миёни кӯҳ, Ба оҳангу наво меояду аз он хиромонам. Ба мардони бузургаш шӯҳраташ афзӯн бувад имрӯз, Ба Маъдан шоиру бо додситону бо забондонам. Ғазалхонии мурғони саҳархезаш аҷаб бошад, Ба илҳомам зи сози ҳар яке, з-он рӯ ғазал хонам. Чу Гулбоғи Ирам мебошад ин ҷаннатмакони ман, З
ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК! Ид омаду моҳи Рамазон аз дари мо рафт, Моҳе, ки пурэҳсону ба файз аз бари мо рафт. Моҳе, ки ба шодиву дуо буду ибодат, Моҳе, ки муборак, аҷабо, аз сари мо рафт. Моҳе, ки ба тоат ҳама бинмуду Худогӯй, Покиза намуду гунаҳ, аз манзари мо рафт. Эй кош, нарафтӣ дигар ин моҳи муқаддас, Ҳайфо, ки ба ин тезӣ ҳидоятгари мо рафт. Моҳе, ки чунон Хизри накӯпай шуда меҳмон, Чун мурғи Ҳумо болзанон хушпари мо рафт. Моҳе, ки ба ин Мақсудалӣ, роҳи ҳақ омӯхт, Худ донӣ кунун гуфту саҳар, раҳбари мо рафт.
Показать ещё