Мансур Бойзода Худованд ҳамеша серию пури бошад...аммо нон бояд беқадр нашавад! Аз канори руди Душанбе, аз се метр ҷой ин ҳама нонро ҷамъ кардаю дар баландие гузоштем то паррандаҳо хуранд. Нонро самаранок истифода бурдан ҳам маърифат мехоҳад.
    4 комментария
    4 класса
    24 майи соли 2024, соати 11:15, Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1999, зодаи ноҳияи Ш.Шоҳин, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, аз сабаби ба миён омадани муноқишаҳо ва бо мақсади авассути таҳдид моил намудан ба таъмини молиявии худ ба хонаи марди 38-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки қаблан бо вай робитаи ошиқона дошт, рафтааст, вале номбурдаро пайдо накардааст. “Сипас, бо мақсади тарсонидани ошиқи собиқаш Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ ба лаби тирезаи роҳрави ошёнаи 5-ум баромада, пойҳояшро ба қисмати кӯча кашол карда, ба он мард занг зада, талаб намудааст, ки ба хонааш баргашта, бо ӯ вохӯрад. Ҳангоми гуфтугӯ Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ ногаҳон лағжида, ба болои долони ошёнаи якум афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст. Bазъи саломатии ӯ вазнин арзёбӣ карда мешавад. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки дар охирин лаҳзаҳои пеш аз афтодани ӯ як мард кӯшиш мекунад, ки Ҳикоятмоҳро ҳангоми афтиданаш аз дастонаш бидорад, вале ӯро дошта наметавонанд. Корбарон менависанд, ки бояд мардони ба истилоҳ “ҳарҷогард”-е, ки ба хотири нафси худ занони оҷизу дастнигар ва беҳуқуқро ба чунин ҳолатҳои ночорию навмедӣ меоранд, низ барои бемасъулиятиашон ба ҷазо кашида шаванд.
    27 комментариев
    14 классов
    ✓АБДУРОЗИҚ ҲАМ ҶУФТАШРО ЁФТ АбдуРозиқ машҳуртарин блогери тоҷик ки дар Дубай ва Ҳиндустон зисту зиндагони мекунад дар саҳифаи Инстаграмаш имруз хабар дод ки Оиладор мешавад.У гуфт: "Ҳеҷ боварам намеояд ки ишқамро пайдо кардам у маро дуст медорад ва эҳтиром мекунад🧡7 ИЮЛ моро интизор бошед"Бахту тахт ёрашон бод🤲💖🌹🌹🌹
    214 комментариев
    257 классов
    Муяссарахон Махмудова Имшаб а кор тифоқо бавахт омдам… Хонава даром стол накрывать кадаги, хона бӯи зирбак …ҳайрон шуда, секин дара кушом, дадош ошхонава фартукчи мана баста, якта рӯмолчи сафед ки сара баста, айнака боли чишмба монда, гурунч чинда шиштияну, а мана омдагим хаварашон не)) Якбора натарсан гуфта.. оҳиста… маҳин када… - Ҳа дадош!… тинҷими? Инқадарам фасон шуда шиштид?… ташвиш кашида, даркор набуд!.. ду ҳафтава халос ку опуска!… ҳамин қадар Сабантуй к чему?… гӯям.. худди 360 волт ток задаги боин… ИИИ… ту иқадарам бавахт намеомдику.. гуфта мондан)) Як мали дар тақ тақ шуд, дадош дара кушодаги будан ки ошноҳо якта якта даромда омдосияну… якташона авозашон ани ман боин « пастакак» будас… Ҳа ошно… ду хафтава халастой ми … Худо хохад!… гуфта курткашона кашида, ғӯррондосиян… а ман бехавар! Давр даври безани- оша мекунию мезани!. Будиян сеёмашон! Ҳӯ маддако мазза будас а? Манам келинба пагава билет гифтам, бурафтос…Оши занон ми… чизе балоҳошон будас, ҷону диламба намонд, эээ ӯстар рафтагиша намегӯими?… гуфта ханда… Бечора дадош манба… Агар а кухни бурои мемури!… мана шарманда накун!… гуфта предупреждени када мондан! Кошки хамин занакоя ачинаш чим шинад!… Ҳоли ҳамин хел ми?..( гуфта дурни диламба)… Ҳа майлаш!.. гуфтам мондам Як илоҷ када дандон ба дандон монда шиштам, ош шуд, кашида додам, торт бурда додаму… як чайнак чойи кавути наваду панҷа дам када… Ассалому алейкум поччоҳо!… гуфта гирон даром, бечора мардакоям шармаш будас гӯитон… қариб ки замин кафаду дарон дия… Бо дадош хандида манба будиян ки.. Ҳаммаш қизиқи дия… рафиқ занак дилба намегирад, ҷӯраҳо… кани чойя те манбаю а паи корат шав!… гуфта мана гусел кадан… Ҳамин хел гапо… ӯтоқо!!! Аслаша гирим, моям ганда не))…. Ду ҳафта опуская зӯр када мегузсроним😂😂😂
    5 комментариев
    52 класса
    15 комментариев
    18 классов
    Умедчон ✓АПТЕКАИ "ЗУРР" ва БАХИЛ МЕНАВИСАНД: Салом алейкум мардум! Дина дар шахри Хисор ба садама дучор шудем мо 2 мошин бархурд ру ба ру пасажирои дигар мошин холати вазниндан дар реанимации холати саломатишон хуб нест ба мо дорухат навиштанд мо гирифта рафтем аптекаи 26 назди беморхонаи калони Хисор хисоб кардан дорухора бенихоят киммат шуд маблагам нарасид нагирифтам дигар аптека рафтам хело бо нархи арзон нисбати вай аптека 30% арзонтар щуд ай хамунча гирифтам лекин як спирти 33% наёфтам факат аптекаи 26 хамун киммат фурушда будай рафтан дуюмбора чихеле дар навор хаст мега… ТУ РАФТИ АЙ ДИГАР АПТЕКА ХАРИДА МА ТУДА НАМЕТЕМ СПИРТА ИН СПИРТИ 33% факат дар хамин аптекаву боз дар шахри Душанбе таёр мекардиян бемормон дар холати бисер вазнинай ба мо гуфт наметиям спирта ба Худо бемор хунашда илик яьне магз хамрох шудагияй мо агар сари вакт успеть накунем аз даст метием бемора дар ин холати вазнин мора нафахмида баркастона наметиям гуфт аз Душанбе гуфтан 1 соат пас рои мекунем. Худо беморамон шифо ёбад. Худо шоҳид аст,ки ман ба ин кормандони дорухона зориву тавалло кардам,ки ба ман ин спирт хело зарур аст, илтимос тиен ба ман спирт. Надоданд. Бемор дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ман мехоҳам фаҳмам,ки кор то кадом дараҷа дуруст аст. Оё ягон қонун ё,ки ягон фармоне ҳаст,ки бояд ҳамаи доруҳо аз як дорухона гирифта шавад? Бори дигар мегӯям,ки сабаби аз дигар дорухона гирифтани доруҳо ин арзон будани доруҳо нисбати ба ин дорухона буд. Танхо дар онҷо спирти лозима дарёфт нашуд. Имсол,ки соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон эълон шудааст, ман мехоҳам фаҳмам,ки то кадом дараҷа ин кор дуруст ё ки нодуруст аст то,ки ман дар оянда ба инобат гирам ҳангоми харидори доруҳо Менависанд ба мо як шаҳрванд аз шаҳри Ҳисор. (аз Парвиз.Тв)
    6 комментариев
    9 классов
    Рачабали Фаизуллоев БОИДУХТАР ( кисса) кисми 2 Шиносои бо хамсарам Ганчина се сол пештар ба вукуъ паиваста буд.Он вакт нав мактаби миёнаро хатм кардаму аз бекори хамрохи се рафикам дар хонахои мардум ба корхои сохтмони машгул будем.Мо аавал тахкурсии хонаро рехта, сипас аз хиштхои сементи ё лои хонаро то болохона мебардоштем.Сохибхона пас аз анчоми мехнати вазнинамон хисобу китоб карда, ба мо музди хуб медод.Агар ягон биноро дар муддати ду се хафта ба анчом мерасонидем, як ду руз истирохат карда, боз аз ягон каси дигар фармоиши нав дар бораи бунёди сохтмонаш мегирифтему ба кор сар мекардем. Як руз дар як хона кор мекардем, ки хамин падари Ганчина ба наздамон омад. - Монда набошед бачахо,- аз мошини бадвохимаи Прадоаш баромада нидокунон пеши мо омад.У ба кору бори мо хеле вакт зехн монда, дар охир гуфт: - Ин кору боратон чанд руз давом мекунад?- пурсид аз мо,ки наздаш барои ахволпурси ва саломкуни омада будем - Амак мо ин котечро ягон дах руз пас ба охир мерасонем,- гуфт Саид бригадири мо,ки дар хама кор у сухангуи мекард. - Ман чанд руз шуд усто кофта истодаам, аз кори хуби Шумо шунида наздатон омадам.Агар заказ( фармоиши дигаре) надошта бошед, ба ман хизмат мекунед, маблаги хуб медихам - Амак мо бояд дар хонаи Шумно чи кор кунем?- ба калиди мошинаш, ки дар яке ангуштонаш тоб медод, нигариста гуфтам ман - Хонаи замонави месозед, хамаи махсулоташ хаст,- ба пурсиши ман нимнигохе карда гуфт у.Мо бо у маслихат карда рози шудем. - Мардаки сумдор метова, фаху фиху гапзаниша диди?- пас аз он ки нишонии хонаашро гирифтему у аз назди мо рафт хандида гуфт Саид. Пас аз дувоздах руз ба сурогаи марди фармоишгар рафтем.Хушбахтона мошини бадвохимааш дар гаражи хонааш буду у дар баини гулхои хавлияш чумбучул дошт.Баробари аз пеши дарвоза нидо кардани Саид у овози моро шунида ба наздамон омад. - Чиянхо омадед, кани биёед, хуш омадед!- вай ба хар яки мо салом карда, дастхоямонро сахт- сахт фишурда, моро ба кат аивони хавлияш бурд. - Кани болои кат гузаред, аввал як маслихати сохтмонро дида пас аз паи кор мешавед,- сохибхона фахмонд ба мо. Вакти маслихат карданамон оилааш дар даст дасторхон гирифта назди мо овард. - Додархо, хуш омадед,- дасторхони овардаашро ба шавхараш дода аз назди мо рафт.Занак дар синну сол ягон таги панчох буд.Мо гуё мехмони омада бошем, хеле бо сохибхона дар болои кат нишаста, сипас ба поёни хавли, ки ончо махалли корамон буд, рафтем.Бегохи вакти дар обгир дасту руямон шустан чашмам ба духтари сохибхона афтод, ки аз зинапояи яке аз хонахо ба суи хавли мефаромад.У дар тан пирохани гулобиранг ва дар сар шарфрумолхои кабудчатоб дошт, ки ба паикараш ачаб зебанда буд.Уро бо он либосхои зебанда дида, лахзае аз у чашм намекандам. - Духтарро диди, бин барфвори сафед аст, барои бачахои зангир аруси таппа тайёр,- Саид гох ба тарафи духтару гох ба ман нигариста духтари сохибхонаро таъриф мекард. - Чурра, пасттар гап зан, боз духтар нашунавад,хуб намешавад,- таъкид кардам ба рафикам Саид Рузи нахустини корам симои духтари сохибхона хеч аз лавхи хотирам дур намешуд.( давом дорад) -
    1 комментарий
    10 классов
    Фарзона Саидумрон Чанд сол пеш дар Душанбе зиндагӣ мекардему кадом хешамон пойтахт раванд, хонаи мо меистоданд. Боре намегӯяму кадом хешамон буданд.))) Ду рӯз истоданду гашта Хуҷанд рафтанд. Вақти хайру хуш ба духтарчаам Дилангез, ки он замон се сол дошт, як нафарашон гуфтанд: "Як бор шеърата нахондӣ а мова? А очат таърифата шунидагӣ будим, дурӯғ будас-дия!". Дилангез шеър хонд: "Нохонда марав ту бар сари хони касе, Беқадр шавӣ агар хурӣ, нони касе..." Вай маъниашро сарфаҳм намерафт, албатта, аммо мо сахт хандида будем бо меҳмонҳо.))))
    5 комментариев
    13 классов
    Нонпалави очачонам (равонаш шод бод) Имруз ба нонхои кокшудаи дастархон нигариста зик шудам.Худам аз нон пархез хастам ба хотири бемории канд,аз дил гузаронидам ки агар нонпалав кунам,кудаконам мехурда бошанд ? Аз дидагонам беихтиёр ашки талх равона шуд. Нонпалави очачонам ба хотирам омад. Очачонам вакте,ки нонхои пухтааш зиёрати мекарду каме хушк мешуд,даррав зирбаки ош барин карда ба чойи биринч нони хушро бурда бурда бурида нонпалав мепухт.Ммм,хеч маззааш аз дахонам намеравад.Гоххо эркаги карда мегуфтам,ки нонпалав намехурам. Бо хавас нонпалави очаги пухтам. Ахли хонавода мазза карда нуши чон карданд. Боз болояш райхону гашниз майда кардам. Бах,бах буйи модар ба димогам зад. Очачон ,отачон ,чоякатон Бихишти човидон бод.Омин Шахлои Начмиддин 🌹 🌹 🌹 🌹 🌹
    21 комментарий
    17 классов
    Духтаре аз Молдова падари тоҷикашро меҷӯяд ​​​​​​​Як духтари 18-сола аз Молдова солҳо боз падари тоҷикашро ҷустуҷӯ дорад. Мадина, шаҳрванди Молдова мегӯяд, падару модараш дар оғози солҳои 2000-уми дар Русия шинос шуданд ва ӯ ҳосили ин шиносоӣ аст. Падараш он сол аз Тоҷикистон ва модараш аз Молдова барои кор ба Русия рафта будаанд. Ӯ гуфт, падараш Назаралӣ Раҳимов ном дорад ва шояд 55-сола бошад. “Ман мехоҳам барояш бигӯям, ки 18 сол ба падар мӯҳтоҷ будам, аммо ӯро надоштам. Дилам барояш танг мешавад. Ҳарчанд ӯро намешиносам, аммо ёд мекунам. Хеле зиёд мехоҳам ӯро бубинам ва ҳамроҳаш суҳбат кунам,”—гуфт Мадина. Пас аз чанд соли шиносоӣ дар Маскав падараш ба Тоҷикистон ва модараш ба Молдова баргаштанд ва бо ҳамин Мадина аз дидори падар маҳрум шуд. Мадина ба Радиои Озодӣ нома навишт ва дархости кӯмак кард. Гуфт, падаршро суроғ дорад ва мехоҳад ҳарфи дилашро ба гӯшаш расонад. Мадина мегӯяд, модараш Родика Даскал ва падараш Назаралӣ Раҳимов ном дорад. Ӯ танҳо аз падараш як акс хотира дорад. “Модарам нақл кард, ки бо падарам дар ҷойи кор дар Русия шинос шудаанд. Ҳардуяшон дар сохтмон кор мекарданд. Вақте ман ба дунё омадам, намедонам бобо ё бибии падариям даргузашт ва падарам ба Тоҷикистон баргашт. Модарамро аз ҷойи зисташ ронданд ва мо ба Молдова омадем. Пасон, модарам маро инҷо гузошту худаш ба Русия баргашт. Падарам ба дидани ман ба Молдова омад ва се моҳ ҳамроҳам буд. Бо ҳамин дигар рафт,”—нақл кард Мадина. Ӯ гуфт, дар бораи тоҷик буданаш аввалин бор аз падарандараш фаҳмид. Падарандараш ӯро зери маломату фишори равонӣ қарор дода, таъна мекардааст ва мегуфтааст, “бигзор падари тоҷикат туро нигоҳубин кунад.” Ӯ он лаҳзаҳоро чунин ба ёд овард: “Замоне ки падарандарам ба оилаи мо омад, ман 5 сола будам. Модарам ба ман гуфт, Мадина ту мехоҳӣ, ки падар дошта бошӣ, ин падари ту мешавад. Ман ҳам ӯро падар ном бурдам. Вале вақте бибиям инро шунид, бароям гуфт, ӯ падарат нест ва ҳеҷ гоҳ ӯро ин гуна ном набар. Аз ҳамон солҳо ман дар фикри фаҳмидани ҳақиқат шудам. Падаранадарам бо ман муносибати бад дошт. Ӯ ба ман мегуфт, ки падари ту тоҷик аст ва ту ҳам ба мисли ӯ тоҷик ҳастӣ. Ба мо монандӣ надорӣ, ранги пустат дигар аст. Барои ман ин гапҳо хеле сахт мерасид, ба модарам низ. Ҳар дафъе, ки ӯ менӯшид, ман маҷбур мешудам аз хона баромада равам. Ман дар бораи падарам аз модарам зиёд мепурсидам. Ӯ ба ман гуфт, ки номи падарам Назар аст ва ӯ аз модарам даҳ сол калон буд. Модарам ҳоло 45-сола аст. Модарам нақл кард, ки падарам оиладор ва соҳиби фарзанд аст. Ҳамсараш аз дунё гузаштааст. Модарам ҳатто номи фарзандҳояшро медонад. Тавре модарам мегӯяд, ман нусхаи падарам ҳастам, чашмонам аз ӯст.” Қаҳрамони барномаи мо то 16-солагӣ дар тарбияи модаркалон буд. Мадина на меҳру оғуши кофии модарро дидааст, на чеҳраву китфони падарро то тавонад рӯи онҳо такя кунад. Ӯ гуфт, ҳамеша ба ҳамсолонаш ҳасад мебурд ва зиёд ашк мерехт. “Ман меҳри падару модарро надидаам. Ҳамеша танҳо будам. Дидани ин ки дигарон падару модар доранд, вале ман не, бисёр душвор аст. Албатта ман модарамро дарк мекунам. Ӯ ба Русия барои кор кардан мерафт. Ман ӯро дар чизе гунаҳгор намекунам. Аммо падарам боре ҳам занг назаду ба суроғам наомад. Вақте ман даҳ сол доштам, падарам ба телефони хонагӣ ба модарам занг заду аҳволпурсӣ кард ва аз ӯ як шонси дигар барои зиндагии якҷоя хост. Вале модарам дар ҷавоб гуфт, ки бо як марди дигар зиндагӣ дорад. Бо ҳамин падарам дигар занг назад,”—ба ёд овард Мадина. Мадина гуфт, модари ӯ аз падараш хотироти хуб надорад ва барои пайдо карданаш ба ӯ кумак накард. “Ман чор сол мешавад, ки ӯро меҷӯям, аммо пайдо карда наметавонам. Вақте дар синфи нуҳӯм мехонадам, ба як шиноси тоҷикам дар бораи падарам нақл кардам. Ному насаб ва синну солашро гуфтам. Он замон дар куҷо зиндагӣ карданашро намедонистам. Ӯ як субҳ бароям навишт, ки падарамро пайдо кардааст. Ман пурсидам, ӯ дар қайди ҳаёт аст? Ӯ гуфт, бале зиндаву саломат аст. Ба падарам дар бораи ман нақл кардаанд. Вай гуфтааст, воқеан ҳам соҳиби духтар аст, аммо ӯро дар ёд надорад. Падарам гиря кардааст, барои пайдо кардани ман миннатдорӣ намудааст. Аммо баъди як рӯз гуфтааст, ки беҳтар мебуд, агар маро намеёфт. Ман хоҳиш кардам, ки рақами телефонашро бароям бидиҳанд. Вале вай гуфтааст, ки намехоҳад бо ман суҳбат кунад. Ӯ метарсад ва чӣ гуфтанашро намедонад. Ба ман аламовар буд, чун ки ман ҳам мехоҳам падар дошта бошам. Барояш рақамаҳои маро доданд, аммо ӯ ягон бор занг назад,”—гуфт Мадина. Модари Мадина чанд сол пеш ба саратон гирифтор шуд ва ӯ натавонист мактаби миёнаро хатм кунад. Ҳоло дузанда аст ва мегӯяд, дар зиндагӣ мушкилие надорад ва танҳо набудани падар азияташ медиҳад. Ӯ гуфт: “Мехоҳам ӯро бубинам, аз наздик ошно шавам, ҳамроҳаш суҳбат кунам, дар оғӯш бигирам. Шояд ӯ ҳам мехоҳад маро бубинад. Аз ӯ ба ман чизе лозим нест, чун ҳама чиро дорам. Ман рӯзе аз модарам пурсидам, бояд чӣ кор кунам, ки падарам ба Молдова биёяд? Барои ин кор бояд бо ман чӣ ҳодиса рух бидиҳад? Модарам гуфт, ба тӯйи арӯсият даъват намо, он гоҳ ӯ меояд.” Дарвоқеъ Мадина ҳамсафари ҳаётияшро пайдо кардааст ва танҳо мунтазири он аст, ки барои издивоҷ дуои падарашро бигирад. Ӯ мегӯяд, падараш, ки бузург шуданашро надидааст, ҳадди аққал дар тӯйи арӯсияш дар канораш бошад.
    7 комментариев
    22 класса